Мақомот то ҳанӯз бобати қотилони Х.Сафаров маълумот пайдо накардаанд

Барои тафтишоти қатли роҳбари КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор» Холмӯъмин Сафаров, ки рӯзи 13-уми июн дар шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайваст, аз ҳисоби кормандони соҳибтаҷрибаи Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ гурӯҳи муштараки фаврӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуд, – гуфт корманди маркази матбуоти ВКД подполковники милиса Ҷалолиддин Садриддинов. Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи мазкур якчанд фарзияҳоро […]

Аваз Юлдошев


Барои тафтишоти қатли роҳбари КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор» Холмӯъмин Сафаров, ки рӯзи 13-уми июн дар шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайваст, аз ҳисоби кормандони соҳибтаҷрибаи Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ гурӯҳи муштараки фаврӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуд, – гуфт корманди маркази матбуоти ВКД подполковники милиса Ҷалолиддин Садриддинов.

Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи мазкур якчанд фарзияҳоро мавриди таҳқиқ қарор додааст. «Мақомоти қудратӣ то ҳанӯз дар бораи қотилони Х.Сафаров маълумоте пайдо накарданд», – гуфт подполковник.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти як манбаъи ОИ «Азия-Плюс» дар Прокуратураи генералӣ, гурӯҳи муштаракро сардори Раёсати тафтишоти ҷиноятҳои махсусан вазнини Прокуратураи генералӣ Ҷамшед Сангов роҳбарӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Ҷ.Садриддинов иттилои чанде аз хабаргузориҳо оид ба гӯё дар робита ба ин куштор ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаштани кормандони милисаро рад месозад.

«Шабона дар микрорайонҳо, назди марказҳои фарҳангу фароғат ва ҷойҳои серодами шаҳрҳои бузург шумори кормандони хадамоти нигаҳбонии тартиботи ҷамъиятӣ бештар гардиду халос», – таъкид кард. Ҷ.Садриддинов.

Холмӯъмин Сафаров ҳамсари хоҳари президенти Тоҷикистон аст. Пас аз як рӯзи қатл ӯ дар Данғара ба хок супурда шуд.

Холмӯъмин Сафарови 57-сола дар деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Аз соли 2009 ба ҳайси роҳбари КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ ифои вазифа мекард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.