Боздошти боз як гумонбари қатли «Бобои Барфӣ»

Кормандони макомоти ҳифзи ҳуқуқ боз як гумонбар ба қатли Парвиз Давлатбековро, ки шаби Соли нав ба вуқӯъ пайваста буд, боздошт намуданд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, боздоштшуда сокини 18-солаи пойтахт Фирӯз Нарзуллоев қаблан таҳти пайгарди қонунӣ эълон шуда буд. Ёдрас мекунем, ки Парвиз Давлатбеков шоми рӯзи 31-уми декабри соли 2011 бо сарулибоси Бобои […]

Аваз Юлдошев


Кормандони макомоти ҳифзи ҳуқуқ боз як гумонбар ба қатли Парвиз Давлатбековро, ки шаби Соли нав ба вуқӯъ пайваста буд, боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, боздоштшуда сокини 18-солаи пойтахт Фирӯз Нарзуллоев қаблан таҳти пайгарди қонунӣ эълон шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки Парвиз Давлатбеков шоми рӯзи 31-уми декабри соли 2011 бо сарулибоси Бобои Барфӣ наздикону хешовандонашро бо Соли нав табрик карданӣ буд, вале дар натиҷаи ҷанҷол дар кӯча аз зарбаҳои корд ҷароҳат бардошта, рӯзи 2-юми январ дар беморхона ба ҳалокат расид.

Аввали моҳи майи соли равон суд нисбати айбдоршавандагон оид ба қазияи марги Парвиз Давлатбеков ҳукм содир намуд.

Беҳрӯз Шарифови 16-сола дар қатли Парвиз Давлатбеков гунаҳкор дониста шуда, ба муддати 10 соли зиндон маҳкум шуд. Суд ба чунин хулоса расидааст, ки маҳз зарбаҳои ӯ барои П.Давлатбеков марговар будаанд. То ба синни балоғат расидан Шарифов муҳлати ҷазоро дар муассисаи ислоҳотӣ барои ноболиғон адо мекунад.

Судшавандагони дигар – Шараф Давлатов ва Фаррух Самиев мутобиқи моддаи 237 КҶ ҶТ (Авбошӣ) гунаҳкор эътироф гардида, ба муддати 4 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Нисбат ба айбдоршавандаи дигар – ноболиғ Ҳасан Абдурашидов ҷазо дар шакли ҷарима дар ҳаҷми 100 нишондиҳандаи ҳисоб (як нишондиҳандаи ҳисоб ба 40 сомонӣ баробар аст) таъин карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.