Нигаронии Кумитаи заминсозии Хатлон аз худсарона азхудкунии заминҳо

Кумитаи заминсозии вилояти Хатлон аз мушкилоти худсарона азхудкунии қитъаи заминҳо дар қаламрави вилоят изҳори нигаронӣ мекунад. Ба гуфтаи муовини сардори Кумитаи заминсозии вилоят Мирзохон Менглиқулов, соли равон нозирони кумита 332 ҳодисаи худсарона азхудкунии қитъаи замин дар майдони 30 гектарро ошкор сохта, барои бартараф кардани он ба қонуншиканон 270 таъинот содир намуда, ба маблағи 67,7 ҳазор […]

Сайраҳмон Назриев


Кумитаи заминсозии вилояти Хатлон аз мушкилоти худсарона азхудкунии қитъаи заминҳо дар қаламрави вилоят изҳори нигаронӣ мекунад.

Ба гуфтаи муовини сардори Кумитаи заминсозии вилоят Мирзохон Менглиқулов, соли равон нозирони кумита 332 ҳодисаи худсарона азхудкунии қитъаи замин дар майдони 30 гектарро ошкор сохта, барои бартараф кардани он ба қонуншиканон 270 таъинот содир намуда, ба маблағи 67,7 ҳазор сомонӣ протоколи қонуншиканӣ тартиб додаанд, ки аз он 45,1 ҳазор сомониаш аллакай ба буҷет ворид шудаанд.

«Нисбат ба 58 нафар қонуншиканон, ки аз баргардонидани қитъаи замини худсарона азхудшуда саркашӣ карданд, мавод таҳия гардида, ҷиҳати баррасии минбаъда ба мақомоти пркуратура фиристода шуд. Ҳамчунин 125 протокол дар бораи қонуншиканӣ ва ҷаримабандӣ  ба маблағи умумии 51 ҳазору 650 сомонӣ низ ба прокуратура ирсол гардида, аз он мақомоти судӣ 14,1 ҳазор сомонӣ ҷарима ситониданд ва маводи боқимонда мавриди баррасӣ қарор дорад», – гуфт ӯ.

Номбурда мегӯяд, соли равон воҳидҳои кумита 96 қарорҳои ғайриқонунии раисону шаҳру навоҳии вилоят дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин дар майдони 58 гектарро ошкор сохтаанд. Аз ин қарорҳо 25-тоаш аз ҷониби худи кумита бекор шуда, боқимонда ҷиҳати баррасӣ ва бекор кардан ба прокуратура ирсол шудааст.

Қобили зикр аст, ки соли равон аз ҷониби Кумитаи заминсозии вилояти Хатлон 2 ҳазору 110 ҳолати қонуншикании Кодекси замини ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар 1 ҳазору 813 ҳолат барои бартараф кардани камбудиҳои таъинот содир гардида, дар бораи қонуншиканӣ ба маблағи умумии 264 ҳазору 680 сомонӣ 850 протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки 176 ҳазору 946 сомонӣ аз он аллакай ба буҷети давлатӣ ворид шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.