Оғози корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳо дар Конибодом

Тайи чанд рӯзи ахир дар шаҳри Конибодом техникаи муосири таъмири роҳҳо ба корҳои таъмиру таҷдиди роҳи автомобилгарди кӯчаи марказии шаҳр, ки қариб 4 км масофа дорад, оғоз кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати шаҳри Конибодом хабар доданд, чанде қабл зимни боздиди сарвари давлат аз вилояти Суғд ба таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгарди дохилӣ таваҷҷуҳи хосса […]

ASIA-Plus


Тайи чанд рӯзи ахир дар шаҳри Конибодом техникаи муосири таъмири роҳҳо ба корҳои таъмиру таҷдиди роҳи автомобилгарди кӯчаи марказии шаҳр, ки қариб 4 км масофа дорад, оғоз кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати шаҳри Конибодом хабар доданд, чанде қабл зимни боздиди сарвари давлат аз вилояти Суғд ба таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгарди дохилӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, ба оғози корҳои таъмиру асфалтпӯшии 11 роҳи автомобилгарди дохилӣ дастур дода шуд.

Бо супориши сарвари давлат, бо ин мақсад аз воситаҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 3 млн. сомонӣ ҷудо гардида, ҳукумати вилояти Суғд барои таъмиру таҷдиди роҳи ду кӯчаи марказӣ ва боз 1,5 км роҳ маблағ ҷудо мекунад. ҶДММ «Сомонроҳсоз» низ таъмиру таҷдиди 1,5 км роҳҳои дохилиро ба уҳда гирифт.

Ба гуфтаи сармеъмори шаҳри Конибодом Зоҳир Зулфиқоров, дар муҳлати кӯтоҳ 10 километр роҳҳо асфалтпӯш карда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, ба қавли сардори муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилгарди шахри Конибодом Карим Самиев, соли равон бо маблағҳои буҷети шаҳру вилоят дар шаҳри Конибодом 1,5 км роҳ ва дар деҳот 1 км роҳи автомобилгард аз таъмир бароварда шудааст. «Ғайр аз ин, аз ҳисоби соҳибкорон дар ҷамоати ба номи Ортиқов боз 1 км роҳ таъмиру таҷдид шуд», – иброз дошт ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.