Даъвати раиси пойтахт ҷиҳати донистани ҳуқуқҳои конститутсионии худ

Ахири ҳафтаи гузашта дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи тартиби ҷорӣ дар моҳи равон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қабули шаҳрвандоне сурат гирифт, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи  муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангуйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, […]

Аваз Юлдошев


Ахири ҳафтаи гузашта дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи тартиби ҷорӣ дар моҳи равон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қабули шаҳрвандоне сурат гирифт, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи  муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангуйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар асоси муроҷиати  қаблии шаҳрвандон, ки аз ҷониби шӯъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо ин мақсад ба қайд гирифташуда, 29 нафар сокинони шаҳр барои қабули шахсӣ пазируфта шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмӯъ мӯҳтавои муроҷиати шаҳрвандонро масъалаи  баҳси манзили шахсӣ, дастрасӣ ба манзили истиқоматии иҷоравӣ, қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматии индивидуалӣ ва кӯмакҳои молиявию маслиҳатӣ ташкил медод, ки вобаста аз салоҳиятҳои шаҳрдорӣ нисбати ҳар кадомашон тадбирҳо андешида шуданд.

Номбурда афзуд, зимни қабули шаҳрвандони пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи онҳоро ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқӣ ва огоҳ будан аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ ҷалб намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.