Иштироки афсарони тоҷик дар тамринҳои Қирғизистон

Ҳудуди 20 нафар афсарони Вазорати мудофиа, нерӯҳои марзбонӣ ва Гвардияи миллии Тоҷикистон дар тамринҳо таҳти унвони «Ҳамкории минтақавӣ-2012», ки рӯзи 18-уми июн дар Бишкек оғоз гардид, иштирок мекунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар ҷараёни тамринҳо, ки дар он намояндагони сохторҳои қудратии ИМА, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, […]

Аваз Юлдошев


Ҳудуди 20 нафар афсарони Вазорати мудофиа, нерӯҳои марзбонӣ ва Гвардияи миллии Тоҷикистон дар тамринҳо таҳти унвони «Ҳамкории минтақавӣ-2012», ки рӯзи 18-уми июн дар Бишкек оғоз гардид, иштирок мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар ҷараёни тамринҳо, ки дар он намояндагони сохторҳои қудратии ИМА, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон иштирок доранд, масоили ҳамкории мутақобила зимни омодагирӣ ва баргузории амалиёти муштарак оид ба расонидани кӯмак дар бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ баррасӣ ва дар амал санҷида мешаванд.

Мутахассисони сохторҳои қудратии ИМА бо иштирокдорони тамринҳо дар бораи методикаи омодагӣ ва баргузории тамринҳои компютерӣ ва машқҳо, кор бо харитаҳои электронӣ ва дигар масоил машғулиятҳо доир месозанд. Бо ин мақсад Маркази мнтақавии ҳамоҳангсозӣ, Маркази миллии вокуниш ба вазъи буҳронии Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҳамчунин Марказҳои миллии фаврӣ дар кишварҳои иштирокчии тамринҳо ташкил карда мешаванд. Тамринҳо то 29-уми июн идома меёбанд.

Ба гуфтаи Маҳмадалиев, соли гузашта тамринҳои ба ин монанд бо иштироки намояндагони сохторҳои қудратии кишварҳои дар боло зикршуда дар Донишкадаи низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон баргузор шуда буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.