Ташрифи намояндагони Хадамоти муҳоҷирати вилояти Маскав ба Душанбе

Date:


Дар ҷараёни сафари кории сардори Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар вилояти Маскав Олег Молодиевский ва сардори шуъбаи Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати вилояти Маскав дар фурудгоҳи «Домодедово» Владимир Балашов ба Тоҷикистон, ки имрӯз оғоз мегардад,  масоили ҳамкории ин мақомот бо Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, дар доираи сафар дидору гуфтушуниди намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Русия бо мақомоти раҳбарии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши муҳоҷират ва танзими он, тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва коҳиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ, таъмини назорати пурсамари раванди муҳоҷират ва муқаррар кардани квотаҳо барои ҷалби муҳоҷирини кории тоҷик ба Русия дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Русия ҳамчунин бо мақомоти раҳбарии КВД «Тоҷикхориҷакор» масоили интихоб ва сафарбарии муташаккилонаи муҳоҷирон барои кор ба Русияро низ баррасӣ хоҳанд кард.

Зикр гардид, ки дар ҷараёни сафар намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Русия ҳамчунин аз Маркази омӯзиши калонсолони назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ боздид намуда, бо фаъолияти низоми он-лайни бақайдгирии мусофирон дар фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Душанбе шинос мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...