Ваколатҳои Х.Ҳакимоваи фавтида ба муовини директори генералии нерӯгоҳи «Роғун» дода мешаванд

Ваколатҳои намояндаи мардумии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Хадича Ҳакимова, ки чанде қабл аз олам даргузашт, ба узви дигари Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, муовини директори генералии нерӯгоҳи «Роғун» Дилшод Исматуллоев дода мешаванд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Усмон Солеҳ хабар дод, Хадича Ҳакимова дар ҳавзаи умумиҷумҳуриявии […]

Аваз Юлдошев


Ваколатҳои намояндаи мардумии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Хадича Ҳакимова, ки чанде қабл аз олам даргузашт, ба узви дигари Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, муовини директори генералии нерӯгоҳи «Роғун» Дилшод Исматуллоев дода мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Усмон Солеҳ хабар дод, Хадича Ҳакимова дар ҳавзаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ тибқи рӯйхати ҲХДТ ба вакилии парлумон интихоб шудааст ва аз ин рӯ, ҷойи холишудаи ӯ ба номзади минбаъдаи ҲХДТ тибқи рӯйхат дода мешавад.

Хадича Ҳакимова панҷумин вакили палатаи поёнии парлумон аз ҲХДТ аст, ки пеш аз муҳлат ваколатҳояш бекор мешаванд. Қаблан чор нафар вакилони палатаи поёнии парлумон аз ҲХДТ – Ҳаёт Одинаев, Ҳусейн Алиев, Ҷумъабой Сангинов ва Талбак Салимов дар робита ба таъин шудан ба мансабҳои давлатӣ парлумонро тарк карда буданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.