Роҳбарони Марказҳои таълимии ОМ масъалаи омӯзиши марзбононро баррасӣ мекунанд

Имрӯз дар Душанбе барои роҳбарон ва мураббиёни Марказҳои таълимии мақомоти марзбонии кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Латвия семинари дурӯзаи минтақавӣ доир мегардад. Семинар аз ҷониби Барономаи Иттиҳоди Аврупо – Барномаи рушди СММ оид ба мусоидат ба идоракунии марзҳо дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) созмон дода шудааст. Тавре аз Барномаи рушди СММ иттилоъ доданд, иштирокчиёни семинар […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар Душанбе барои роҳбарон ва мураббиёни Марказҳои таълимии мақомоти марзбонии кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Латвия семинари дурӯзаи минтақавӣ доир мегардад. Семинар аз ҷониби Барономаи Иттиҳоди Аврупо – Барномаи рушди СММ оид ба мусоидат ба идоракунии марзҳо дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) созмон дода шудааст.

Тавре аз Барномаи рушди СММ иттилоъ доданд, иштирокчиёни семинар бобати тарзҳои инноватсионӣ дар омӯзиш ва маълумоти касбии марзбонон табодули таҷриба мекунанд. Барои намуна Андрис Аболинс, муовини роҳбари коллеҷи Хадамоти давлатии марзбонии Латвия перомуни таҷрибаи кишварҳои Аврупо дар омӯзиши марзбонон маълумот медиҳад.

Дар ҷараёни кори семинар шиносоӣ бо барномаҳои миллии таълими марзбонони кишварҳо ва баррасии ҳамкории Колеҷи марзбонии САҲА дар Душанбе бо Институти назорати демократии қувваҳои мусаллаҳи Швейтсария дар назар аст. Дар семинар давраи омӯзишии нави байнулмилалии Институти назорати демократии қувваҳои мусаллаҳи Швейтсария оид ба ҳифзи марзҳо муаррифӣ мешавад.

Иштирокдорони семинар ҳамчунин аз Омӯзишгоҳи олии марзбонии Кумитаи давлатии амнияти мили ҶТ ва Коллеҷи марзбонии САҲА боздид намуда, бо фаъолияти таълимии онҳо аз наздик ошно мегарданд.

Таҳкими амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дастгирии тиҷорат ва транзити қонунӣ ва ҳамчунин пешгирии равуои ғайриқонунии шаҳрвандон тавассути марзҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз вазифаҳои асосии барномаи БОМКА маҳсуб меёбанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.