БОР барои ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон 6 млн. $ ҷудо мекунад

Бонки осиёгии рушд (БОР) барои ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон 6 млн. $ маблағи бурсӣ ҷудо мекунад. Тавре аз намояндагии БОР дар ҶТ хабар доданд, ин бурс ба Тоҷикистон барои омодагӣ ва имкони бартараф сохтани оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим кӯмак мерасонад. «Дар муддати кӯтоҳ ин барнома ба бунёди имконоти техникӣ ҷиҳати омодасозии пешгӯии обуҳаво, […]

ASIA-Plus


Бонки осиёгии рушд (БОР) барои ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон 6 млн. $ маблағи бурсӣ ҷудо мекунад.

Тавре аз намояндагии БОР дар ҶТ хабар доданд, ин бурс ба Тоҷикистон барои омодагӣ ва имкони бартараф сохтани оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим кӯмак мерасонад.

«Дар муддати кӯтоҳ ин барнома ба бунёди имконоти техникӣ ҷиҳати омодасозии пешгӯии обуҳаво, маълумот дар бораи тағйирёбии иқлим ва минбаъд дарки беҳтари равандҳои тағйирёбии иқлим ва ҳалли мушкилоти он кӯмак мерасонад», – изҳор доштааст роҳбари шуъба оид ба муҳити зист, захираҳои табиӣ ва кишоварзии Департаменти БОР оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Макото Оҷиро.

Тайи чанд даҳсолаи ахир дар Тоҷикистон рух додани офатҳои табиӣ бамаротиб афзуда, ба аҳолӣ, низоми таъминоти об, бахши кишоварзӣ ва зерсохтор хатари ҷиддӣ эҷод месозад.

Барномаи бунёди имконот оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар таҳияи нақшаи миллии ҳалли хавфи тағйири иқлим ва ташкили низоми мониторинг барои баҳодиҳӣ ба пешравӣ дар мутобиқшшавӣ ба он мусоидат менамояд. Хадамоти давлатии обуҳавошиносӣ дар самти механизми моделикунонии иқлим ва омодасозии маълумоти саҳеҳу боэътимод дар бораи обуҳаво ва иқлим, ки аз он корбарон битавонанд бемалолу озодона истифода кунанд, дастгирӣ хоҳад ёфт.

Ҳамчунин ба мақомоти давлатӣ барои таҷдиди дастурҳои техникӣ ва таҳияи чораҳо оид ба пешгирии талафот бар асари тағйироти иқлим кӯмак пешниҳод карда мешавад. Ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва гурӯҳҳои осебпазир низ дар таҳияи стратегияи маҳаллӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дастгирӣ мешаванд. Барои истифодаи пурсамари захираву имконоти молиявӣ, мақомоти маҳаллии дорои кормандони аз омӯзиши дахлдор гузашта ва қобилияти идоракунии беҳтари воситаҳои молиявӣ таъсис дода мешавад.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.