Нақшаи коҳиши ҳаҷми кӯмакпулиҳои вакилони парлумон

Ҳукумати ҷумҳурӣ ба палатаи поёнии парлумон ҷиҳати баррасӣ лоиҳаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонун «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пешниҳод кард, ки дар он коҳиши ҳаҷми кӯмакпулиҳо ба вакилони парлумон зимни ба нафақа баромадан ва маъюбӣ пешбинӣ шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ […]

Аваз Юлдошев


Ҳукумати ҷумҳурӣ ба палатаи поёнии парлумон ҷиҳати баррасӣ лоиҳаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонун «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пешниҳод кард, ки дар он коҳиши ҳаҷми кӯмакпулиҳо ба вакилони парлумон зимни ба нафақа баромадан ва маъюбӣ пешбинӣ шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, айни замон зимни ба нафақа баромадан ё маъюби гурӯҳи якум  шудан вакилони парлумон ба гирифтани кӯмакпулии якдафъаина дар ҳаҷми музди меҳнати ҳаштсола ҳуқуқ доранд.

«Пас аз қабули тағйироту илова ҳаҷми кӯмакпулиҳо барои вакилоне,, ки ба нафақа мебароянд ё маъюб мешаванд, аз ҷониби ҳукумати муқаррар карда мешавад», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, пас аз қабули тағйироту илова ҳаҷми кӯмакпулиҳо ба вакилон дар ҳолатҳои зикршуда нисбат ба нишондиҳандаи феъӣ ба таври назаррас коҳиш ёфта, ин тадбир баҳри сарфаи воситаҳои буҷетӣ равона гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки айни замон ҳаҷми музди меҳнати моҳонаи вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 4 ҳазору 950 сомониро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.