Нашри маҷаллаи чиноии «Контимост» бо забони тоҷикӣ

Чанде қабл раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо намояндагони маҷаллаи тиҷоратии «Контимост»-и Чин таҳти сарварии сардабир ва директори маҷалла, муовини Ассотсиатсияи кормандони матбуоти Чин Ян Говэй гуфтушунид анҷом дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили марбут ба нашри маҷаллаи «Контимост» бо […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо намояндагони маҷаллаи тиҷоратии «Контимост»-и Чин таҳти сарварии сардабир ва директори маҷалла, муовини Ассотсиатсияи кормандони матбуоти Чин Ян Говэй гуфтушунид анҷом дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили марбут ба нашри маҷаллаи «Контимост» бо забони тоҷикӣ ва паҳн кардани он дар қаламрави Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

«Ян Говэй изҳор кард, ки идораи маҷалла ба нашри он бо забони тоҷикӣ манфиатдор аст ва дар оғоз нашри 3 ҳазор нусхаи маҷаллла ба нақша гирифта шудааст. Маблағгузорӣ аз ҷониби Чин сурат мегирад. Дар навбати худ Шариф Саид зикр кард, ки ПСС ҶТ дар нашр ва паҳн кардани он ҳамаҷониба мусоидат хоҳад намуд», – гуфтанд дар маркази матбуот.

Ба иттилои манбаъ, намояндаи расмии маҷаллаи «Контимост» дар Тоҷикистон муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Лариса Кислякова таъин шудааст.

Бино ба мувофиқаи ҳосилшуда, нашри шумораи аввали маҷаллаи «Контимост» бо забони тоҷикӣ ахири соли равон пешбинӣ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.