Тақвияти чораҳои пешгирии фурӯши нӯшокиҳои пастсифат дар пойтахт

Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки фаъолони пойтахт оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр доир гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар ҷаласа масъалаи татбиқи ҳадафмандонаи нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ оид ба таҷлили […]

ASIA-Plus


Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки фаъолони пойтахт оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар ҷаласа масъалаи татбиқи ҳадафмандонаи нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ оид ба таҷлили сазовори 15-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ  ва ташкили истироҳату фароғати толибилмон дар давраи таътили тобистона мавриди баррасӣ қарор гирифт.

«Раиси пойтахт ба хадамоти дахлдори шаҳр ҷиҳати тақвияти чораҳои пешгирии фурӯши нӯшокиҳои ташнашикани пастсифат ва ба маъёерҳо ҷавобгӯнабуда дар қаламрави пойтахт супоришоти мушаххас дод. Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчунин суръат бахшидан ба корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳо ва хиёбонҳоро тақозо кард», – гуфт ӯ.

Ба қавли котиби матбуотии раиси пойтахт, ҳамчунин раисони ноҳияҳои пойтахт ба андешидани чораҳо ҷиҳати боздошт ва безараргардонии сагҳои дайду ва ҳорӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо баҳри таъмини амнияти сокинон муваззаф гардиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.