Нигаронии прокуратураи Хатлон аз кор бо ҷавонони макотиби исломии хориҷӣ

Аз шумори умумии ҷавонони вилояти Хатлон, ки дар макотиби исломии хориҷӣ таҳсил мекарданд, 83 нафар ба ватан барнагаштанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сарёвари прокурори вилояти Хатлон Толибҷон Азимов хабар дод, ба таври умум дар муассисаҳои таълимоти динии хориҷӣ 978 нафар сокинони вилояти Хатлон таҳсил карда, 897 нафари онҳо ба ватан баргаштаанд. «Аз шумории умумии ба […]

Сайраҳмон Назриев


Аз шумори умумии ҷавонони вилояти Хатлон, ки дар макотиби исломии хориҷӣ таҳсил мекарданд, 83 нафар ба ватан барнагаштанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сарёвари прокурори вилояти Хатлон Толибҷон Азимов хабар дод, ба таври умум дар муассисаҳои таълимоти динии хориҷӣ 978 нафар сокинони вилояти Хатлон таҳсил карда, 897 нафари онҳо ба ватан баргаштаанд.

«Аз шумории умумии ба ватан баргаштагон 58 нафар дар макотиби таҳсилоти умумӣ ва 52 нафар таҳсили худро дар макотиби олӣ идома дода, 39 нафар ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват шуданд ва 357 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд. Аммо аксари ҷавонони баргашта акнун ватанро ба хотири дарёфти воситаи рӯзгузаронӣ тарк намуда, қисмати дигар бо ҷойи корӣ таъмин нестанд», – гуфт Азимов.

Ба гуфтаи ӯ, барои дарёфти кор 278 нафар ҷавонон сафар ба кишварҳои узви ИДМ-ро ихтиёр карда, тақдири минбаъдаашон рӯшан нест ва 111 нафар ҷавонон то ҳанӯз бекоранд.

Номбурда мегӯяд, мутаассифона, як қатор муассисаҳои давлатӣ бо шумули Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли ва муҳоҷират, ки мебосит ҷавононро ба қайд мегирифтанду бо онҳо кор мекарданд, ба таври бояду шояд вазифаҳои дар назадашон гузоштаро иҷро накардаанд. «Барои бартараф кардани ин камбудиҳо мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон ба сохтори дахлдор таъинот ирсол намуд», – афзуд Азимов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.