Ташрифи намояндагони Хадамоти муҳоҷирати вилояти Маскав ба Душанбе

Дар ҷараёни сафари кории сардори Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар вилояти Маскав Олег Молодиевский ва сардори шуъбаи Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати вилояти Маскав дар фурудгоҳи «Домодедово» Владимир Балашов ба Тоҷикистон, ки имрӯз оғоз мегардад,  масоили ҳамкории ин мақомот бо Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Хадамоти […]

ASIA-Plus


Дар ҷараёни сафари кории сардори Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар вилояти Маскав Олег Молодиевский ва сардори шуъбаи Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати вилояти Маскав дар фурудгоҳи «Домодедово» Владимир Балашов ба Тоҷикистон, ки имрӯз оғоз мегардад,  масоили ҳамкории ин мақомот бо Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, дар доираи сафар дидору гуфтушуниди намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Русия бо мақомоти раҳбарии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши муҳоҷират ва танзими он, тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва коҳиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ, таъмини назорати пурсамари раванди муҳоҷират ва муқаррар кардани квотаҳо барои ҷалби муҳоҷирини кории тоҷик ба Русия дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Русия ҳамчунин бо мақомоти раҳбарии КВД «Тоҷикхориҷакор» масоили интихоб ва сафарбарии муташаккилонаи муҳоҷирон барои кор ба Русияро низ баррасӣ хоҳанд кард.

Зикр гардид, ки дар ҷараёни сафар намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Русия ҳамчунин аз Маркази омӯзиши калонсолони назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ боздид намуда, бо фаъолияти низоми он-лайни бақайдгирии мусофирон дар фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Душанбе шинос мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.