Ба қонун «Дар бораи мубориза зидди терроризм» тағйирот ворид шуд

Тағйиротеро, ки аз ҷониби президенти Тоҷикистон ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза зидди терроризм» пешниҳод шуда буд, имрӯз вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар дастгирӣ намуданд. Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала Прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода изҳор кард, ки мутобиқи тағйирот, минбаъд таҳияи рӯйхати гумонбаршудагон ба терроризм ва ҳабси суратҳисобу амволи манқул […]

Аваз Юлдошев


Тағйиротеро, ки аз ҷониби президенти Тоҷикистон ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза зидди терроризм» пешниҳод шуда буд, имрӯз вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар дастгирӣ намуданд.

Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала Прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода изҳор кард, ки мутобиқи тағйирот, минбаъд таҳияи рӯйхати гумонбаршудагон ба терроризм ва ҳабси суратҳисобу амволи манқул ва ғайриманқули онҳо аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ анҷом дода мешавад.

Дар идома Прокурори генералӣ гуфт, қарор дар бораи манъи фаъолияти созмонҳои террористӣ дар қаламрави Тоҷикистон, мусодираи амволи онҳо аз ҷониби Суди олӣ бо пешниҳоди Прокуратураи генералӣ амалӣ мегардад.

Зимни ибрози андеша оид ба ин масъала раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили парлумон Шодӣ Шабдолов аз ҷумла зикр кард, ки дар сатҳи байнулмилалӣ имрӯз шарҳи мушаххаси мафҳуми терроризм вуҷуд надошта, ҳатто СММ онро шарҳ намедиҳад.

Ба андешаи раиси ҲКТ, дар Тоҷикистон ҳам дар замони шӯравӣ ва ҳам имрӯз террористоне вуҷуд доранд, ки бо мақсадҳои сиёсӣ даст ба куштору ғорати одамон мезананд.

«Ман аз он дар шигифтам, ки айни замон як гурӯҳи кишварҳое, ки худро абарқудрат меноманд, метавонанд як кишвареро барои дифоъ аз манфиатҳои миллӣ террористӣ унвон кунанд. Чунин вазъро мо дар Миср, Либия ва Ироқ мушоҳида кардем. Дар робита ба ин, ман аз ҳукумати Тоҷикистон дархост мекунам, ки дар ин масоил мӯшикофона рафтор намоянд, то ки моро дар ин бозии ифлос истифода накунанд», – таъкид сохт Шабдолов.

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили парлумон Муҳиддин Кабирӣ бо дастгирӣ аз раиси ҲКТ иброз дошт, ки соли 2006 созмони сиёсии «Ихвонулмуслимин» (Бародарони мусулмон)-и Миср, ки феълан дар инихоботии президентӣ дар кишвараш пирӯз шудааст, дар Тоҷикистон ҳамчун созмони террористӣ эътироф гардид. «Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, раиси ин созмон ва ҳамчунин раиси Ҳизби наҳзати исломии Тунис, ки онҳо низ дар интихоботи президентӣ дар Тунис дастболо шуданд, аз Тоҷикистон боздид карда наметавонанд, зеро созомнҳои таҳти сарварии онҳо қарордошта дар мо чун дар тамоми кишварҳои узви ИДМ террористӣ эътироф шудаанд», – таъкид кард раиси ҲНИТ.

Намояндаи ваколатдори президенти Тоҷикистон дар парлумон, мушовири давлатии сарвари давлат оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатов изҳор кард, ки феълан 14 созмон дар Тоҷикистон террористӣ эътироф шуда, аммо ин рӯйхат вобаста ба қарори мақомоти судӣ метавонад зиёд ё кам шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.