Эҳёи низоми таъмини оби нӯшокӣ дар Бохтар аз ҷониби ИМА

Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID)системаи барқароршудаи таъмини оби нӯшокиро ба муассисаи обтаъминкунии ноҳияи Бохтар расман супорид. Ин муассиса зиёда аз 1900 бошандагони шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Бохтарро бо оби нӯшоки таъмин менамояд. Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ба маросими  мазкур раиси ноҳияи Бохтар, ҷаноби Абдуалим Исмоилов ва Директори минтақавии USAID […]

ASIA-Plus


Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID)системаи барқароршудаи таъмини оби нӯшокиро ба муассисаи обтаъминкунии ноҳияи Бохтар расман супорид. Ин муассиса зиёда аз 1900 бошандагони шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Бохтарро бо оби нӯшоки таъмин менамояд.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ба маросими  мазкур раиси ноҳияи Бохтар, ҷаноби Абдуалим Исмоилов ва Директори минтақавии USAID оид ба масъалаҳои демократия ва идоракунӣ дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Дэвид Хофман  ифтитоҳ бахшиданд. Инчунин намояндагони расмии мақомоти иҷроияи ноҳия, дастгоҳи ҷамоат ва истиқоматкунандагони шаҳраки Сомониён дар он ширкат варзиданд. Ин лоиҳа қисми лоиҳаи USAID «Ташаббуси рушди маҳаллӣ» мебошад, ки дар 6 ноҳияи Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани сифати  идоракунии маҳаллӣ ва хизматрасонӣ амалӣ  шудаистодааст.  

Ба иттилои манбаъ, дар суханронии худ ҷаноби Д. Хоффман чунин қайд кард: «Манбаҳои тозаи оби нӯшокӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон яке аз мақсадҳои дарозмуддати USAID мебошанд, ки онҳо ба беҳтар намудани саломатӣ мусоидат намуда, ба рушди иқтисод ва сулҳу субот дар минтақа таъсири бевосита мерасонад. «Мо хеле хурсандем, ки ба истиқоматкунандагони шаҳраки Исмоили Сомони кӯмаки худро дар ноил гаштан ба чунин мақсад расонидем. Инчунин мехостем   ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Бохтар ва шаҳрвандони онро барои ҳамкории фаъолона ҷиҳати гузоштани  саҳми беандоза дар  рушди системаи обтаъминкунии мазкур, табрик намоем»», – гуфт ӯ.

Бошандагони кӯчаҳои Гагарин, Шевченко ва Синои шаҳраки Исмоили Сомонӣ ва ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Бохтар дар ҳамкорӣ бо USAID 1792 метр қубурҳоро бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокӣ гузарониданд.  Системаи об, ки бошандагони маҳалларо бо оби нӯшокӣ таъмин менамояд, соли 1968 барқарор гардида, аз соли 1970  то ин ҷониб таъмир нашудааст.  Соли 2008 қубурҳои об  пурра аз кор баромада,   таъминоти об ба аҳолӣ қатъ гардид. Ҳамчун қисми лоиҳаи мазкур USAID инчунин  бар ивази қубурҳои обии умумӣ дар хонаводаҳои алоҳида қубурхои обтаъминкунӣ гузаронид. Инчунин ба истиқоматкунандагон пешниҳод гардид, ки дар ҳар як нуқта асбоби ченкунӣ васл намоянд, ки он  ба пардохти маблағ аз рӯи ҳаҷми истифодашудаи об имконият медиҳад. 

Системаи обатаъминкунӣ аз ҷониби хадамоти обтаъминкунии ноҳияи Бохтар истифода ва нигоҳубин карда мешавад, ки он баҳри таъмини мунтазами аҳолӣ бо оби тозаи нӯшоки аз ҷониби  USAID дастгирии техникӣ ёфт. USAID инчунин барои намояндагони расмии ҷамоат ва муҳандисон дар масъалаҳо оид ба нархгузорӣ , ҷамъоварии маблағ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва самаранок нигоҳубин кардан ва истифода бурдани идоракунии ва истифодабарии иншоотҳои обтаъминкунӣ омӯзишҳо мегузаронад.

Лоиҳаи «Ташаббуси рушди маҳаллӣ» яке аз лоиҳаҳои зиёд  оид ба кӯмак мебошад, ки аз ҷониби мардуми Амрико тавассути USAID дастгирӣ ёфтааст. Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе аз соли 1992 то инҷониб зиёда аз 984 милион долларро барои амалӣ гардонидани барномаҳое, ки бехатарӣ, институтҳои демократӣ, бахши иҷтимоӣ ва рушди иқтисодиро  дар Тоҷикистон  дастгирӣ менамоянд, ҷудо намудааст.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.