Озмуни қориёни Қуръони кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе

spot_imgspot_img

Дата:


Маркази исломии Тоҷикистон миёни ҳофизони Қуръони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озмун созмон медиҳад. Дар ин бора ба islamnews.tj котиби матбуотии Маркази исломӣ Атовулло Қосимов хабар дод.

Ба гуфтаи вай, озмун рӯзҳои 5-6-уми июли соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегардад. «Аз ҳар кадоме аз кишварҳо мо се нафар қориёни беҳтарини Қуръонро интизорем ва аллакай 11 кишвар иштирок дар озмунро тасдиқ карданд. Ҳарчанд Белорус аз иштирок дар озмун даст кашида бошад ҳам, ҳофизони Қуръон аз ҷумҳуриҳои Русия – Чеченистон, Доғистон ва Тотористон ба Душанбе хоҳанд омад», – гуфт ӯ.

Қосимов мегӯяд, дар Тоҷикистон озмуни ҳофизони Қуръон бо чунин миқёс бори нахуст гузаронида мешавад. «Айни замон кумитаи тадорукоти озмун масъалаи бо мукофотҳо сарфароз гардонидани ғолибони озмунро мавриди ҳаллу фасл қарор дорад», – иброз дошт номбурда.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта навраси тоҷикистонӣ Сиратуллоҳ Абдухолиқ дар озмуни ҳофизони Қуръон дар шаҳри Маскави Русия миёни намояндагони 30 кишвари дунё ғолиб дониста шуд.

Ҳамчунин соли гузашта ду нафар намояндагони Тоҷикистон дар озмуни 19-уми байнулмилалӣ дар шаҳри Қоҳираи Миср ба қатори даҳгонаи беҳтарини қориёни Қуръон шомил гардиданд. Дар озмуни мазкур беш аз 100 нафар намояндагони кишварҳои Осиёву Африқо ва Аврупо ширкат варзида буданд.

Ғайр аз ин, соли 2011 қориёни Қуръони аз Тоҷикистон дар озмуни 26-уми байнулмилалии ҳофизони Қуръон дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок карданд. Дар ин озмун қориёни Қуръони синнусоли аз 18 то 40-сола аз 40 кишвари мусулмонӣ ширкат доштанд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...