Сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Ёвон аз пардохти андоз аз ААИ ва боҷи гумрукӣ озод шуд

Date:


Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони нақби дарозиаш 2 ҳазору 340 метр дар роҳи оҳани Душанбе-Ёвон қарзҳои хориҷиро ҷалб карданист. Иншооти мазкур як қисмате аз роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон мебошад.

Зимни ба баррасии вакилони палатаи поёнии парлумон пешниҳод кардани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2012» вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки тибқи нақшаи ҳукумат, роҳи мазкур пас аз ду сол мавриди истифода қарор мегирад.

«Аз оғози корҳои сохтмонӣ дар соли 2009 то имрӯз дар қисмати сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон 2,5 млн. метри мураббаъ корҳои заминӣ анҷом дода шуда, ҳудуди 30 иншооти хурд бунёд ва беш аз 5 км роҳи оҳан сохта шудааст. Сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Ёвон-Қӯрғонтеппа як қисмате аз лоиҳаи байнулмилалии сохтмони роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин мебошад», – зикр кард С.Наҷмиддинов.

Ба гуфтаи вазир, мутобиқи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳа, сохтмони роҳи оҳан аз Душанбе то Қӯрғонтеппа ба маблағи 130 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад. Тибқи лоиҳа, дар иншооти мазкур сохтмони 18 пули хурду бузург ва як нақб пешбинӣ шудааст.

«Дар робита ба масоили дар боло зикршуда, ҳукумати ҷумҳурӣ аз парлумони кишвар дархост мекунад, ки воридоти техникаву таҷҳизот барои сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Ёвонро аз пардохти андоз аз арзиши изофа (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод намояд. Маблағи озодшуда аз ААИ ва боҷи гумрукӣ 135 млн. сомонӣ (беш аз 27,5 млн. $)-ро ташкил дода, ба сохтмони иншооти мазкур масраф мегардад», – афзуд вазири молия.

Вакилони парлумон тағийироти аз ҷониби ҳукумат пшниҳодшуда ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2012»-ро якдилона дастгирӣ карданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...