Аз муҳоҷирон риояи қоидаҳои шариат дархост шуд

Date:


Чанде қабл дар бинои Кумитаи кор бо дини назди ҳукумат вохӯрии сеҷонибаи роҳбарони Хадамоти муҳоҷират, Кумитаи кор бо дин ва Маркази исломии Тоҷикистон доир гардид.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот Саидмукаррами Абдуқодирзода, раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намудааст, ки ҳангоми дар муҳоҷират будан муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бояд қоидаҳои шариати исломиро риоя намуда, аз ҳамсару фарзандонашон фаромӯш накунанд ва ҳамеша бо онҳо дар тамос буда, таъмин молиявии оиларо ба уҳда дошта бошанд.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрии мазкур тамоми паҳлӯҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз қабили омодагии пеш аз сафар, тайёрии касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ, забономӯзӣ, донистани тамаддуну фарҳанги давлати будубош ва риояи қонуну қоидаҳои давлати бо кор таъминкунанда матраҳ шуданд.

«Дар охир иштирокчиён ба чунин хулоса расиданд, ки барои беҳтар шудани кор дар масоили муҳоҷират ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳиву иттилоотӣ байни омма бояд байни Хадамоти муҳоҷират, Кумитаи кор бо дин ва Маркази исломии ҷумҳурӣ  Созишномаи сеҷониба ба имзо расад», – гуфт манбаъ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...