Оғози мусобиқоти Чемпионати футболи Осиё миёни ҷавонон

Рӯзи шанбе, 23-юми июн, дар Малайзия мусобиқоти Чемионати Осиё оид ба футбол миёни ҷавонон (U-22) оғоз мегардад. Бино ба маълумоти котиби матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фаридун Солиев, дар ин рӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон воҳурии аввалинашро бо дастаи Баҳрайн доир месозад. «Дирӯз футболбозони дасаа таҳти роҳбарии сармураббӣ Камол Алиспахич дар варзишгоҳи «Ханг Ҷебат»-и шаҳри Малакка тамрин […]

Сайфиддин Қараев


Рӯзи шанбе, 23-юми июн, дар Малайзия мусобиқоти Чемионати Осиё оид ба футбол миёни ҷавонон (U-22) оғоз мегардад.

Бино ба маълумоти котиби матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фаридун Солиев, дар ин рӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон воҳурии аввалинашро бо дастаи Баҳрайн доир месозад.

«Дирӯз футболбозони дасаа таҳти роҳбарии сармураббӣ Камол Алиспахич дар варзишгоҳи «Ханг Ҷебат»-и шаҳри Малакка тамрин гузарониданд, – мегӯяд Ф,Солиев. – Сармураббӣ ба натиҷаи вохӯрии аввал таваҷҷуҳи хосса дорад, зеро ҳунарнамоии минбаъдаи даста дар мусобиқот ба ин вохӯрӣ вобастагии зиёд дорад».

Дар мусобиқоти интихобии Чемпионати Осиё миёни ҷавонон 41 даста иштирок мекунад. Дар марҳилаи интихобӣ онҳо ба ҳафт гурӯҳ ҷудо шудаанд, ки ҳар як гурӯҳ аз 6 даста иборат аст. Танҳо дар гурӯҳи «D» панҷ даста иштирок мекунанд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ ва дастаи беҳтарини зинаи сеюм миёни гурӯҳҳо ба даври ниҳоии Чемпионати Осиё миёни ҷавонон роҳхат мегиранд. Мусобиқоти ниҳоии Ҷоми Осиё оид ба футбол миёни ҷавонон дар яке аз кишварҳое, ки дастааш ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтааст, баргузор мешавад.

Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Эрон, Баҳрайн, Қувайт, Қатар ва Малдив қувваозмойӣ мекунанд. Бозиҳои дигари дастаи Тоҷикистон бо дастаҳои Малдив – 25-уми июн, бо Қувайт – 28-уми июн, бо Эрон – 1-уми июл ва бо Қатар – 3-юми июл баргузор мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Радабандии ҷаҳонии футзал аз ФИФА: Тоҷикистон се мавқеъ поин рафт

Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.