Ба яке аз қуллаҳои беноми Помир ном мегузоранд

Дар Тоҷикистон ният доранд, ки яке аз қуллаҳои беноми Помир бо баландии 5600 метрро «Қуллаи 20-солагии иҷлосияи XVI-уми Шӯрои олии Тоҷикистон» номгузорӣ кунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ассотсиатсияи индустрияи сайёҳӣ (ADTI) хабар доданд, дар робита ба номгузории қулла аз 22-юми июл то 22-юми август экспедитсияи байнулмилалии кӯҳнавардӣ ба ин қулла доир мегардад. Аммо то […]

ASIA-Plus


Дар Тоҷикистон ният доранд, ки яке аз қуллаҳои беноми Помир бо баландии 5600 метрро «Қуллаи 20-солагии иҷлосияи XVI-уми Шӯрои олии Тоҷикистон» номгузорӣ кунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ассотсиатсияи индустрияи сайёҳӣ (ADTI) хабар доданд, дар робита ба номгузории қулла аз 22-юми июл то 22-юми август экспедитсияи байнулмилалии кӯҳнавардӣ ба ин қулла доир мегардад.

Аммо то ҳол дар бораи ба қулла гузоштани номи «Қуллаи 20-солагии иҷлосияи XVI-уми Шӯрои олии Тоҷикистон» қарори ҳукумат қабул нашудааст. Интизор меравад, ки ин қарор дар арафаи оғози экспедитсия қабул гардад.

«Қарори ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи номгузории қулла бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуда, рӯзҳои наздик ба баррасии ҳукумат пешниҳод мегардад. Бо қабули қарор мо ба экспедитсия ба ин қулла раҳсипор мешавем», – гуфт манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди он ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар чанд рӯзи гузашта Эронро ба ҳамла таҳдид мекунад, баръакси ин дар хусуси шартҳои ду ҷониб...

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.