Аз муҳоҷирон риояи қоидаҳои шариат дархост шуд

Чанде қабл дар бинои Кумитаи кор бо дини назди ҳукумат вохӯрии сеҷонибаи роҳбарони Хадамоти муҳоҷират, Кумитаи кор бо дин ва Маркази исломии Тоҷикистон доир гардид. Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот Саидмукаррами Абдуқодирзода, раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намудааст, ки ҳангоми дар муҳоҷират будан муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бояд қоидаҳои […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл дар бинои Кумитаи кор бо дини назди ҳукумат вохӯрии сеҷонибаи роҳбарони Хадамоти муҳоҷират, Кумитаи кор бо дин ва Маркази исломии Тоҷикистон доир гардид.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот Саидмукаррами Абдуқодирзода, раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намудааст, ки ҳангоми дар муҳоҷират будан муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бояд қоидаҳои шариати исломиро риоя намуда, аз ҳамсару фарзандонашон фаромӯш накунанд ва ҳамеша бо онҳо дар тамос буда, таъмин молиявии оиларо ба уҳда дошта бошанд.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрии мазкур тамоми паҳлӯҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз қабили омодагии пеш аз сафар, тайёрии касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ, забономӯзӣ, донистани тамаддуну фарҳанги давлати будубош ва риояи қонуну қоидаҳои давлати бо кор таъминкунанда матраҳ шуданд.

«Дар охир иштирокчиён ба чунин хулоса расиданд, ки барои беҳтар шудани кор дар масоили муҳоҷират ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳиву иттилоотӣ байни омма бояд байни Хадамоти муҳоҷират, Кумитаи кор бо дин ва Маркази исломии ҷумҳурӣ  Созишномаи сеҷониба ба имзо расад», – гуфт манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.