Чанде қабл сафири Норвегия дар Тоҷикистон ҷаноби Даг Малмер Халворстен бо сафари корӣ аз шаҳри Конибодом боздид намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати шаҳри Конибодом хабар доданд, дипломати Норвегия бо раиси шаҳр Нуъмонҷон Обидов гуфтушунид анҷом дод. Раиси шаҳр меҳмони норвегиро бо вазъи бахшҳои гуногуни хоҷагидории шаҳр ва ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар Конибодом шинос намуд.
Дар ҷараёни сафар Даг Малмер Халворстен бо шароити тақсимоти оби рӯди Исфара ба шаҳри Конибодом ва ноҳияи Бешарики Ӯзбекистон шинос шуда, бо намояндагони ҷамъияти маҳаллии шикорчиён ва моҳидорон суҳбат кард. Ӯ ҳамчунин аз мактаби ҷамоати Патар ва осорхонаи таъриху кишваршиносии «Мирраҷаб додхоҳ» боздид намуд.
Дипломати норвегиро дар сафар директори кишварии Барномаи рушди СММ Норимас Шиномур ва ҳамчунин дигар намояндагони минтақавии ин созмон ҳамроҳӣ карданд.


