Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси СММ оид ба рушди устувор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи умумии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ифтитоҳ гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Бояд тазаккур дод, ки Конфронсро Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ҳусни оғоз бахшид. Конфронс бо як овоз Президенти Бразилия Дилма Русефро раиси Конфронс ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ […]

ASIA-Plus


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи умумии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ифтитоҳ гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Бояд тазаккур дод, ки Конфронсро Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ҳусни оғоз бахшид. Конфронс бо як овоз Президенти Бразилия Дилма Русефро раиси Конфронс ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро яке аз муовинони у интихоб намуд.

Сипас аз байни бештар аз 140 сарони давлат ва ҳукуматҳои кишварҳои олам аввалин шуда, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нутқ эрод намуд.

Дар суханронии худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Стратегияи миллии рушд, ки аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бармеояд ва мағзи мӯҳтавои онро се масъалаи асосӣ – ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти нақлиётиву коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат ташкил медиҳанд, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кард.

Тавре Президенти кишвар таъкид сохт, тибқи ин Стратегия истифодаи самаранок ва сарфаи захираҳои табиӣ, ки унсури асосии иқтисоди «сабз»-ро таҷассум менамоянд, инчунин инкишофи бахши иҷтимоӣ ва ҳифзи низоми экологӣ ҷузъи таркибии ислоҳоти дар Тоҷикистон татбиқшавандаро ташкил медиҳанд.

«Дастрасии фарогир ба хадамоти энергетикаи муосир, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, тавсеаи истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия масъалаҳои муҳимтарини рушди устуворанд», – иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Зимни суханронӣ Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории Тоҷикистонро нисбати ташаббуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Энергетикаи устувор барои ҳама» изҳор намуд.

Ба қавли Президенти Тоҷикистон, «истифодаи гидроэнергетика ба консепсияи иқтисоди «сабз», ки яке аз мавзӯъҳои асосии ҷадвали кори Конфронси Рио+20 аст, комилан мутобиқат дорад».

Дар робита ба нақши бузурги ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об дар амри ноил шудан ба ҳадафҳои рушд, Эмомалӣ Раҳмон аз эълон шудани соли 2013 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ бо ташаббуси Тоҷикистон махсус хотиррасон шуд.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба се масъалаи ба ҳам пайванди экологию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ – тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ ва рушди устувори манотиқи кӯҳистон ҷалб намуд. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки ниҳодҳои байналмилалӣ ва кишварҳои мададрасон пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷонибдорӣ хоҳанд намуд.

Дар поёни суханронӣ Президенти Тоҷикистон ҷонибдории кишварро аз баррасии масъалаҳои таҳкими чорчӯбаи ниҳодии рушди устувор ва таъсиси мақоми байниҳукуматии сатҳи баланд оид ба рушди устувор, ҳамчунин роҳандозии раванди таҳияи маҷмӯи мувофиқашудаи ҳадафҳои фарогир дар соҳаи рушд иброз дошт. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.