Шиносоии сафири Норвегия бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии Конибодом

Чанде қабл сафири Норвегия дар Тоҷикистон ҷаноби Даг Малмер Халворстен бо сафари корӣ аз шаҳри Конибодом боздид намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати шаҳри Конибодом хабар доданд, дипломати Норвегия бо раиси шаҳр Нуъмонҷон Обидов гуфтушунид анҷом дод. Раиси шаҳр меҳмони норвегиро бо вазъи бахшҳои гуногуни хоҷагидории шаҳр ва ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар […]

Акмал Алиев


Чанде қабл сафири Норвегия дар Тоҷикистон ҷаноби Даг Малмер Халворстен бо сафари корӣ аз шаҳри Конибодом боздид намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати шаҳри Конибодом хабар доданд, дипломати Норвегия бо раиси шаҳр Нуъмонҷон Обидов гуфтушунид анҷом дод. Раиси шаҳр меҳмони норвегиро бо вазъи бахшҳои гуногуни хоҷагидории шаҳр ва ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар Конибодом шинос намуд.

Дар ҷараёни сафар Даг Малмер Халворстен бо шароити тақсимоти оби рӯди Исфара ба шаҳри Конибодом ва ноҳияи Бешарики Ӯзбекистон шинос шуда, бо намояндагони ҷамъияти маҳаллии шикорчиён ва моҳидорон суҳбат кард. Ӯ ҳамчунин аз мактаби ҷамоати Патар ва осорхонаи таъриху кишваршиносии «Мирраҷаб додхоҳ» боздид намуд.

Дипломати норвегиро дар сафар директори кишварии Барномаи рушди СММ Норимас Шиномур ва ҳамчунин дигар намояндагони минтақавии ин созмон ҳамроҳӣ карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.