Омодагии кормандони ВКД ба таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ

Date:


Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ пеш аз ҳама ба дӯши кормандони мақомотҳои қудратӣ, бахусус кормандони милитсия вогузор карда шудааст ва то ба имрӯз ҳама ҷашнвора ва маъракаҳои фарҳангию сиёсӣ бо қабулу гусели меҳмонони олиқадри дохилию хориҷӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса мегузаранд.

Тавре аз Вазрати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, имрӯзҳо низ кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ барои гузаронидани ҷашни таърихӣ, ки барои мардуми сарбаланди Тоҷикистон маҳбубияти хоса дорад, «Ваҳдати Миллӣ» тайёрӣ дида истодаанд. Дар робита ба ин дирӯз Сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Ҳомидов Барот, ҳайати шахсии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо дар назди Сирки давлатии пойтахт ҷамъ намуда, бори дигар риоя намудани сару либоси низомӣ, муошират бо шаҳрвандон ва қабули иштирокчиёни ҷашнвора корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, онҳоро дар ин самт сафарбар намуд. 

Бояд ёдрас гардид, ки бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани ҷашни Ваҳдати миллӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ баҳри хотирмон гузаронидани ҷашн ва таъмини истироҳату фароғати шабонарӯзии шаҳрвандон омодагии ҳамаҷониба мегиранд.

Дар сурати аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мавриди тафтиш қарор гирифтани шахсони бе қайди ҷойи зист набояд дар изтиробу ташвиш афтод. Зеро тарзи дурусти зиндагӣ, риояи қонун ва одоби шаҳрдорӣ дар пойтахт кафили сулҳу оромист.  Дар алоқамандӣ ба ин шаҳрвандон низ бояд дар ҳамкорӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва ҷинояткорона  саҳмгузор бошанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...