Фавти журналисти тоҷик дар Теҳрон

Дар Теҳрон пас аз бемории тӯлонӣ журналисти рӯзномаи «Рӯзи нав» Мавлуда Султонзода вафот кард. Ӯ дар Эрон муолиҷа мегирифт. Интизорӣ меравад, ки ҷасади ӯ рӯзи шанбе ба Душанбе оварда шуда, рӯзи якшане ба хок супурда мешавад. Пас аз нашри маводи пурсарусадои «Раҳмонов кист?» дар соли 2004 Мавлуда Султонзода маъруфият пайдо кард. Ин мавод дар ҳафтавори […]

ASIA-Plus


Дар Теҳрон пас аз бемории тӯлонӣ журналисти рӯзномаи «Рӯзи нав» Мавлуда Султонзода вафот кард. Ӯ дар Эрон муолиҷа мегирифт. Интизорӣ меравад, ки ҷасади ӯ рӯзи шанбе ба Душанбе оварда шуда, рӯзи якшане ба хок супурда мешавад.

Пас аз нашри маводи пурсарусадои «Раҳмонов кист?» дар соли 2004 Мавлуда Султонзода маъруфият пайдо кард. Ин мавод дар ҳафтавори «Нерӯи сухан» ба табъ расида буд.

Пас аз нашри ин мақола Мавлуда Султонзода мавриди таҳдид қарор гирифта, аз хавфи зарар ба духтаронаш маҷбур шуд, ки Тоҷикистонро тарк кунад.

Ахиран Мавлуда Султонзода дар Душанбе ба сар бурда, дар муҳлати муайян барои муолиҷа ба Эрон мерафт.

Идораи ОИ «Азия-Плюс» ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ намуда, барояшон аз даргоҳи илоҳӣ сабри ҷамил хоҳон аст.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.