Кӯмаки ИА баҳри ташаккули «Равзанаи ягона» дар Тоҷикистон

Date:


Иттиҳоди Аврупо барои ташаккули “Равзанаи ягона” оид ба расмиёти воридотию содиротӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,2 млн. Евро ҷудо намуд.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, Иттиҳоди Аврупо ва ташкилоти Intrasoft International S.A. шартномаи татбиқ намудани лоиҳаи «Дастгирии ташаккули Равзанаи ягона оид ба расмиёти воридотию содиротӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд. Дар назар аст, ки дар чорчӯбаи шартномаи мазкур таъминоти барномавии Равзанаи ягона мувофиқи ваколат ва вазифаҳои мушаххас тарҳ кашида ва бароварда хоҳад шуд.

Пудратчӣ сохтори Равзанаи ягонаро татбиқ намуда, онро дар Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази Равзанаи ягона» дар назди Хадамоти гумрукии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисшуда, инчунин дар 15 ташкилотҳои аслии дигар, аз ҷумла сохторҳои давлатӣ ва ширкатҳои тиҷоратии миёнрав, ба кор меандозад. Пудратчӣ ба дараҷаи мусовӣ барои омӯзиши кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази Равзанаи ягона» ва дигар ташкилотҳои аслӣ ӯҳдадор хоҳад буд. Вай инчунин тавсифи ҷузъиёти қисматҳои таҷҳизотии Равзанаи ягонаро пешниҳод хоҳад кард, то ин ки оғоз кардани тендери таҳвилкунии лавозимот аз тарафи Намояндагии ИА дар Ҷумхурии Тоҷикистон имконпазир бошад.

Пудратчӣ бояд маълумотии лоиҳаро таъмин намуда, бо Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, ки дар Вазорати рушди иктисодӣ ва савдо баргузор мегардад ва масъулияти роҳбарии умумӣ ва назорат аз болои ҷорӣ намудани Барномаи давлатии ташаккули Равзанаи ягона оид ба расмиёти воридотию содиротӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад, дар алоқа бошад.

Иттиҳоди Аврупо аз 27 мамолики узв иборат буда, донори бузургтарини дунё маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бештарин ҳиссаи ёрии дутарафаро дар минтақаи Осиёи Марказӣ (66 миллион евро барои 2007-2010 ва 62 миллион барои 2011-2013) барои дастгирии барномаҳои секторӣ, ёрии техникӣ ва грантӣ соҳиб мешавад. Ин ёрӣ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, пешравии тандурустӣ ва сектори хусусӣ равона карда мешавад.

Тоҷикистон, ҳамчунин, аз ёрии минтақавӣ ва мавзӯъӣ дар чунин соҳаҳо, ба мисли назорати сарҳадӣ ва мубориза алайҳи нашъаҷалобӣ (BOMCA/CADAP), маориф (TEMPUS, Erasmus Mundus), об/муҳити атроф, муҳоҷират, ҳуқуқи башар ва демократия (EIDHR), сохторҳои ғайридавлатӣ (NSA) ва тараққиёти муассисаҳои хурд ва миёна (CA-Invest) бархурдор аст. Аз соли 1992 инҷониб Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 550 млн. евро кӯмак фароҳам намуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...