Тағйирот дар мақомоти раҳбарии «Агроинвестбонк»

Ахири ҳафтаи гузашта дар  Маҷлиси умумии солонаи саҳҳомони ҶСК «Агроинвестбонк» раиси яке аз бонкхои бузурги тиҷоратии Тоҷикистон Фаррух Тағоймуродов аз мансаб сабукдӯш карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз низоми бонкии ҷумҳурӣ хабар дод, Алишер Солиев, собиқ директори департаменти сармоягузории хориҷии Бонки миллии Тоҷикистон, писари собиқ раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ Ҳаким Солиев, раиси […]

Пайрав Чоршанбиев


Ахири ҳафтаи гузашта дар  Маҷлиси умумии солонаи саҳҳомони ҶСК «Агроинвестбонк» раиси яке аз бонкхои бузурги тиҷоратии Тоҷикистон Фаррух Тағоймуродов аз мансаб сабукдӯш карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз низоми бонкии ҷумҳурӣ хабар дод, Алишер Солиев, собиқ директори департаменти сармоягузории хориҷии Бонки миллии Тоҷикистон, писари собиқ раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ Ҳаким Солиев, раиси нави бонк таъин шуд.

Дар ҳамин ҳол, аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала гуфтанд, маълумот дар бораи тағйирот дар мақомоти раҳбарии бонк ояндаи наздик пас аз мувофиқасозии дахлдор интишор хоҳад шуд. «Алҳол дар робита ба ин масъала мо чизе гуфта наметавонем», – гуфтанд дар бонк.

Дар Маҷлиси умумии саҳҳомони бонк ҳисоботи молиявии солонаи ҶСК «Агроинвестбонк» барои соли 2011 аз ҷониби саҳомони Бонк бо як овоз тасдиқ гардид. ҶДММ «Грант Торнтон, Тоҷикистон»-ро, ки узви Grant Thornton International Ltd мебошад, ба сифати аудитори ҶСК «Агроинвестбонк» барои соли молиявии 2012 тасдиқ шуд.

Инчунин дар Маҷлиси умумии солонаи саҳомони Бонк масъалаҳои ташкилӣ ва дигар масъалаҳои рӯзномаи Маҷлис баррасӣ гаштанд ва аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

ҶСК «Агроинвестбонк» 14 феврали соли 1992 дар асоси созишномаи муассисон, дар заминаи Бонки саҳомии тиҷоратии агросаноатии Агропромбонки Иттиҳоди Шӯравӣ, Бонки ҷумҳуриявии саҳомии тиҷоратии агросаноатӣ ташкил ёфта, 22 феврали соли 1992 дар конфронси муассисон бонки мазкур ба Бонки саҳомию тиҷоратии агросаноатии «Шарқ» (БСТАС «Шарқ») табдил дода шуд. Санаи 12 августи соли 2009 дар ҳаёти ҶСК «Агроинвестбонк» воқеаи фаромўшнашавандаи таърихие рух дод. Дар шаҳри Душанбе байни ҶСК «Агроинвестбонк» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Тараққиёт (БАТТ) созишнома оид ба ворид шудани БАТТ ба сармояи Бонк ба имзо расид. 28 октябри ҳамон сол, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Тараққиёт ба суратҳисоби ҶСК «Агроинвестбонк» 11,5 млн. доллари ИМА (50 млн. сомонӣ) гузаронида,  25% + 1 саҳмияи бонкро харидорӣ намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.