Таҷлили Рӯзи ваҳдати миллии тоҷикон дар Минск

Чанде қабл дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Минск бахшида ба Рӯзи ваҳдатии миллии тоҷикон таҳти унвони «Тоҷикистон – 15 соли созиш ва ваҳдат» як конфронси байнулмилалии илмиву назариявӣ доир гардид. Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Минск, конфронси мазкур бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Белорус ва дар ҳамдастӣ бо Кумитаи иҷроияи […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Минск бахшида ба Рӯзи ваҳдатии миллии тоҷикон таҳти унвони «Тоҷикистон – 15 соли созиш ва ваҳдат» як конфронси байнулмилалии илмиву назариявӣ доир гардид.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Минск, конфронси мазкур бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Белорус ва дар ҳамдастӣ бо Кумитаи иҷроияи ИДМ, парлумон, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Академияи улуми Ҷумҳурии Белорус созмон дода шуд.

Ба кори конфронс раиси Президиуми Академияи улуми Белорус Анатолий Русетский ҳусни ифтитоҳ бахшида, сипас сафири Тоҷикистон дар Белорус Қозидавлат Қоимдодов суханронӣ кард.

Дар суханронии худ сафири Тоҷикистон дар бораи марҳилаҳои расидан ба сулҳу созиш, аҳамияти таҷрибаи тоҷикон дар муттаҳидсозии миллат, нақши сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ваҳдати миллат ва ҳалли низоъ, мушкилоту дастовардҳои кишвар ва дигар мавзӯъҳо маълумот дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.