Чорабинии идонаи «Агроинвестбонк» барои марзбонони ҷумҳурӣ

Ба муносибати ҷашни 15-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ кормандони ҶСК «Агроинвестбонк» барои хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 2931-и Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ дар ноҳияи Шӯрообод дастурхони идона оростанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар минтақаи Кӯлоб Сайфиддин Қадамов хабар дод, сафар ба назди марзбонон ҳамеша бо хушнудӣ сурат гирифта, кормандони бонк кӯшиш ба […]

Турко Дикаев


Ба муносибати ҷашни 15-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ кормандони ҶСК «Агроинвестбонк» барои хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 2931-и Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ дар ноҳияи Шӯрообод дастурхони идона оростанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар минтақаи Кӯлоб Сайфиддин Қадамов хабар дод, сафар ба назди марзбонон ҳамеша бо хушнудӣ сурат гирифта, кормандони бонк кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба марзбонон дар яке аз қисматҳои душвори марз бо Афғонистон дасти ёрӣ дароз намуда, ҳаёти онҳоро рангинтар созанд.

Ба қавли ӯ, кормандони бонк барои марзбонон натанҳо дастархони идона оростанд, балки фармоишоти онҳоро, ки зимни сафарҳои пешин қабул карда буданд, ба иҷро расониданд. «Мо барои марзбонон ду комплекти техникаи тадорукотӣ ва барои омодагӣ ба таҳсил дар макотиби олӣ як миқдор адабиёти методӣ тақдим кардем», – гуфт С.Қадамов ва афзуд, ки кормандони бонк боз аз марзбонон фармоишоти навбатӣ қабул карда, ояндаи наздик баҳри иҷрои он мекӯшанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.