Кӯмаки USAID дар таъмири Маркази муолиҷаи бемориҳои сили шаҳри Душанбе

Лоиҳаи Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) «Тандурустии босифат» маросими  ифтитоҳи расмии маркази таъмиршудаи муолиҷаи бевосита назоратшавандаи беморони силро дар Маркази саломатии рақами 1 шаҳри Душанбе доир намуд.  Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, маросими ифтитоҳ дар марказ ба вуқӯъ пайваста намояндагони  USAID,  Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат», Барномаи миллии мубориза алайҳи бемории […]

ASIA-Plus


Лоиҳаи Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) «Тандурустии босифат» маросими  ифтитоҳи расмии маркази таъмиршудаи муолиҷаи бевосита назоратшавандаи беморони силро дар Маркази саломатии рақами 1 шаҳри Душанбе доир намуд. 

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, маросими ифтитоҳ дар марказ ба вуқӯъ пайваста намояндагони  USAID,  Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат», Барномаи миллии мубориза алайҳи бемории сил, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва ҳамкорони маблағгузори байналмилалиро ҷамъ овард.

Пас аз тадқиқоти сифат, ки эҳтимоли баланди сироятшавии мутақобилаи беморони шаклҳои маъмулӣ ва устувори силро ошкор намуд, Лоиҳаи USAID корҳои таъмириро маблағгузорӣ кард. Дар натиҷаи таъмир, бо васеъшавии ҳуҷраҳои муолиҷа ва интизории марказ, ки боиси ҳаводиҳии беҳтар ва коҳиши сироятшавии беморон ва кормандони тиб бо шакли устувори сил гардид, шароитҳои назорати паҳншавии сироят беҳтар гаштанд. 

Пизишки бемории сил дар Маркази саломатӣ Азиз Мирзоев изҳор намуд: “Корҳои таъмирӣ боиси беҳгардии шароитҳои кории ман ва ҳамкоронам гаштанд. Акнун ҳангоми зарурат ба гирифтани доруворӣ, беморони мо дар толори васеъ мунтазир мешаванд”.  Маркази саломатии рақами 1 шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» кӯшишҳои зиёд ба харҷ доданд, то сифати ташхис ва муолиҷаи бемории силро беҳтар намоянд.

Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» аз зумраи лоиҳаҳои сершумори кӯмак ба Тоҷикистон мебошад, ки Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) аз номи мардуми Амрико татбиқ мекунад.  Сафорати ИМА дар Душанбе аз соли 1992 то инҷониб беш аз 984 миллион долларро барои амалӣ гардонидани барномаҳое, ки ниҳодҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодиро  дар Тоҷикистон  дастгирӣ менамоянд, ҷудо намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.