Конфронси ҳисоботиву интихоботии бахши ҲХДТ дар Конибодом

Дар конфронси ҳисоботиву интихоботии бахши Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом аз фаъолияти ду соли ахири ҳизб натиҷагирӣ шуд. Дар кори конфронс 230 нафар вакилон ширкат варзида, ҳисобот дар бораи фаъолияти бахши ҳизб дар давраи аз соли 2010 то моҳи июни соли 2012 шунида шуда, ҳамчунин як қатор масоили дохилиҳизбӣ баррасӣ шуданд. Дар конфронс […]

Акмал Алиев


Дар конфронси ҳисоботиву интихоботии бахши Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом аз фаъолияти ду соли ахири ҳизб натиҷагирӣ шуд.

Дар кори конфронс 230 нафар вакилон ширкат варзида, ҳисобот дар бораи фаъолияти бахши ҳизб дар давраи аз соли 2010 то моҳи июни соли 2012 шунида шуда, ҳамчунин як қатор масоили дохилиҳизбӣ баррасӣ шуданд.

Дар конфронс зикр гардид, ки агар дар соли 2010 шумори аъзоёни бахши ҳизб 1 ҳазору 388 нафарро ташкил медод, пас дар нимсолаи аввали соли равон шумори аъзоёни бахши ҲХДТ дар Конибодом то ба 3 ҳазору 595 нафар расидааст, ки аз ин шумор беш аз 2 ҳазор нафарашонро занон ва зиёда аз 900 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Зимни суханронӣ раиси Кумитаи иҷроияи бахши ҲХДТ дар Конибодом Абдумаҷид Қаҳҳоров иброз дошт, ки дар натиҷаи поккории сафҳои ҳизб тайи ду соли ахир, 726 нафар бо сабабҳои гуногун аз сафҳои ҳизб хориҷ гардида ва баҳри риояи интизоми ҳизбӣ ин таҷриба минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Дар конфронс доир ба иштироки фаъолона дар ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ, ҳарчи бештар баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ ва оммавӣ, таҳкими робитаҳо бо муҳоҷирони корӣ, таъсиси сомонаи бахши ҳизб ва дигар масоили муҳим қарорҳо қабул шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Маъракаи навбатии интихоботи президент дар Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2013 доир мегардад. Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар остонаи интихобот аллакай

маъракаи таблиғотиро

оғоз намуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.