Семинари омӯзишии КБСС барои ҷарроҳони тоҷик

Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар ҳамдастӣ бо Вазорати тандурустӣ барои 37 нафар ҷарроҳони амалкунандаи бемористонҳои тамоми манотиқи кишвар ва вазорату идораҳои Тоҷикистон дар бораи тарзи кор зимни ба амал омадани ҳолатҳои фавқулода ва кӯмаки тиббӣ ҳангоми ҷароҳат бардоштан аз минаҳо ва силоҳҳои натаркида семинари серӯза доир месозад . Семинар аз ҷониби ҷарроҳони КБСС, ки […]

ASIA-Plus


Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар ҳамдастӣ бо Вазорати тандурустӣ барои 37 нафар ҷарроҳони амалкунандаи бемористонҳои тамоми манотиқи кишвар ва вазорату идораҳои Тоҷикистон дар бораи тарзи кор зимни ба амал омадани ҳолатҳои фавқулода ва кӯмаки тиббӣ ҳангоми ҷароҳат бардоштан аз минаҳо ва силоҳҳои натаркида семинари серӯза доир месозад

.

Семинар аз ҷониби ҷарроҳони КБСС, ки аз таҷрибаи кории 25-сола дар ин соҳа бархӯрдоранд, гузаронида мешавад. «Ҷарроҳон барои кор дар ҳама гуна ҳолатҳои фавқулода бояд ҳамеша омода буда, бо методикаи санҷида, ки ба наҷоти одамон кӯмак расонида, муҳлати таъсири оқибатҳои ҷароҳатҳоро коҳиш медиҳанд, шинос бошанд», – изҳор дошт яке аз ҷарроҳони КБСС Валерий Сасин.

Номбурда мегӯяд, Кумита дар масъалаи муолиҷаи захмҳои гирифта зимни ҳолатҳои фавқулода аз таҷрибаи ғанӣ бархӯрдор буда, кӯшиш дорад, ки аз ин таҷриба табибони саросари ҷаҳон бархӯрдор бошанд.

Дар семинари соли гузашта 50 нафар ҷарроҳони вазорату идораҳои гуногуни кишар иштирок карда буданд. Дар кори семинари соли равон 3 нафар ҷарроҳони Қазоқистон низ ширкат меварзанд.

Ёдовар мешавем, ки Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1992 оғоз намуда, тӯли ин муддат дар бисёр чорабиниҳои кӯмаку дастгирии аҳолии осебдида аз офатҳои табиӣ ва ҷангу даргириҳо саҳми босазо гузоштааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.