Сарварии раиси пойтахт ба Шӯрои машваратӣ оид ба ТИК

Date:


Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, дар назди мақомоти шаҳрдории пойтахт Шӯрои машваратӣ оид ба технологиятҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ таъсис дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ дод, вазифаи сарварии шӯро ба дӯши худи раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев вогузор гардид. Ба ҳайати шӯро муовинони раиси шаҳр, ёвари раис ва сардори дастгоҳи раиси пойтахт, раисони ноҳияҳо, роҳбарони раёсатҳои маориф, молия ва андози шаҳр, роҳбарони як қатор ширкатҳои алоқаи мобилӣ ва фароҳамсози интернет шомил шудаанд. Маҷлисҳои шӯро бояд на камтар аз як маротиба дар як нимсола гузаронида шаванд.

Шӯро бо мақсади роҳандозии истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар шаҳри Душанбе, фароҳам овардани шароити мусоиди техникию технологӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таҳким бахшидани муносибату ҳамкориҳои мутақобилаи байни мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон таъсис дода шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...