Сарварии раиси пойтахт ба Шӯрои машваратӣ оид ба ТИК

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, дар назди мақомоти шаҳрдории пойтахт Шӯрои машваратӣ оид ба технологиятҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ таъсис дода шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ дод, вазифаи сарварии шӯро ба дӯши худи раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев вогузор гардид. Ба ҳайати шӯро муовинони раиси шаҳр, ёвари раис ва […]

Аваз Юлдошев


Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, дар назди мақомоти шаҳрдории пойтахт Шӯрои машваратӣ оид ба технологиятҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ таъсис дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ дод, вазифаи сарварии шӯро ба дӯши худи раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев вогузор гардид. Ба ҳайати шӯро муовинони раиси шаҳр, ёвари раис ва сардори дастгоҳи раиси пойтахт, раисони ноҳияҳо, роҳбарони раёсатҳои маориф, молия ва андози шаҳр, роҳбарони як қатор ширкатҳои алоқаи мобилӣ ва фароҳамсози интернет шомил шудаанд. Маҷлисҳои шӯро бояд на камтар аз як маротиба дар як нимсола гузаронида шаванд.

Шӯро бо мақсади роҳандозии истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар шаҳри Душанбе, фароҳам овардани шароити мусоиди техникию технологӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таҳким бахшидани муносибату ҳамкориҳои мутақобилаи байни мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон таъсис дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.