Суди Кӯлоб ба давлат ҳудуди 400 ҳазор сомонӣ фоида овард

Соли равон дар суди шаҳри Кӯлоб аз 122 нафари дар парвандаҳои ҷиноӣ ҳузурдошта танҳо нисбат ба 67 тан ҷазои маҳрумият аз озодӣ татбиқ карда шуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки солҳои пешин ин нишондиҳанда мудом қариб ба 100 дарсад баробар буд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси суди шаҳри Кӯлоб Саидҷаъфар Юлдошев хабар дод, […]

Турко Дикаев


Соли равон дар суди шаҳри Кӯлоб аз 122 нафари дар парвандаҳои ҷиноӣ ҳузурдошта танҳо нисбат ба 67 тан ҷазои маҳрумият аз озодӣ татбиқ карда шуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки солҳои пешин ин нишондиҳанда мудом қариб ба 100 дарсад баробар буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси суди шаҳри Кӯлоб Саидҷаъфар Юлдошев хабар дод, дар қонунгузории нав ба ивази аз ҳисоби буҷет таъмин кардани будубоши маҳбус бештар ба ҷанбаи иқтисодӣ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.

Ба гуфтаи ӯ, суд 14 нафар қонуншиканонро ҷаримаи пулӣ баста, ба буҷети давлат 251 ҳазору 270 сомонӣ маблағи иловагӣ фоида овард. «Боз 12 нафари ба корҳои ҳатмии ислоҳӣ ҳукмшуда низ ба ҳар навъе нафъашон ба давлат хоҳад расид», – гуфт вай.

Ба қавли ёвари раиси суди шаҳр, аз 1 ҳазору 216 парвандаҳое, ки соли равон мавриди баррасии суд қарор гирифтаанд, аз нисф зиёдашро ҳодисаҳои қонуншиканиҳои маъмурӣ ташкил дода, тибқи онҳо ба буҷети ҷумҳурӣ 119 ҳазору 265 сомонӣ маблағ ворид шудааст.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки соли ҷорӣ 13 нафар ронандагоне, ки зимни идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ боздошт шуда буданд, аз шаҳодатномаи ронандагӣ маҳрум гардиданд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.