Решакан шудани беш аз 30 ҳазор ниҳоли бангдона дар Суғд

Рӯзҳои истироҳати гузашта дар чаҳорчӯби баргузории амалиёти  «Кӯкнор-2012» дар вилояти Суғд беш аз 30 ҳазор ниҳоли маводи нашъаовари бангдона ошкор ва нобуд карда шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилоят хабар доданд, майдони кишти ниҳоли бангдона дар қаламрави бригадаи № 6-и хоҷагии деҳқонии ба номи «А.Ҷумъаев»-и ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ошкор […]

Мавлуда Рафиева


Рӯзҳои истироҳати гузашта дар чаҳорчӯби баргузории амалиёти  «Кӯкнор-2012» дар вилояти Суғд беш аз 30 ҳазор ниҳоли маводи нашъаовари бангдона ошкор ва нобуд карда шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилоят хабар доданд, майдони кишти ниҳоли бангдона дар қаламрави бригадаи № 6-и хоҷагии деҳқонии ба номи «А.Ҷумъаев»-и ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ошкор шудааст. Дар ин ҷо 20 ҳазору 246 адад ниҳоли бангдона решакан шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боз беш аз 6 ҳазор ва дар заминҳои бекорхобидаи деҳоти ҷамоати Пӯлодони ноҳияи Конибодом зиёда аз 8 ҳазор адад ниҳоли бангдона дарёфт ва нобуд карда шуд. Дар деҳаи Табуши ҷамоати Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ кормандони мақомот беш аз 13 ҳазор ниҳоли бангдонаро дарёфт ва решакан карданд.

Ёдрас мекунем, ки амалиёти «Кӯкнор-2012» дар вилояти Суғд 20-уми май оғоз гардида, то 30-юми ноябри соли равон идома меёбад. Шурӯъ аз оғози амалиёт то имрӯз дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ зиёда аз 1,5 млн. адад ниҳоли бангдона дарёфт ва нобуд карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.