Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар ҳамдастӣ бо Вазорати тандурустӣ барои 37 нафар ҷарроҳони амалкунандаи бемористонҳои тамоми манотиқи кишвар ва вазорату идораҳои Тоҷикистон дар бораи тарзи кор зимни ба амал омадани ҳолатҳои фавқулода ва кӯмаки тиббӣ ҳангоми ҷароҳат бардоштан аз минаҳо ва силоҳҳои натаркида семинари серӯза доир месозад
.
Семинар аз ҷониби ҷарроҳони КБСС, ки аз таҷрибаи кории 25-сола дар ин соҳа бархӯрдоранд, гузаронида мешавад. «Ҷарроҳон барои кор дар ҳама гуна ҳолатҳои фавқулода бояд ҳамеша омода буда, бо методикаи санҷида, ки ба наҷоти одамон кӯмак расонида, муҳлати таъсири оқибатҳои ҷароҳатҳоро коҳиш медиҳанд, шинос бошанд», – изҳор дошт яке аз ҷарроҳони КБСС Валерий Сасин.
Номбурда мегӯяд, Кумита дар масъалаи муолиҷаи захмҳои гирифта зимни ҳолатҳои фавқулода аз таҷрибаи ғанӣ бархӯрдор буда, кӯшиш дорад, ки аз ин таҷриба табибони саросари ҷаҳон бархӯрдор бошанд.
Дар семинари соли гузашта 50 нафар ҷарроҳони вазорату идораҳои гуногуни кишар иштирок карда буданд. Дар кори семинари соли равон 3 нафар ҷарроҳони Қазоқистон низ ширкат меварзанд.
Ёдовар мешавем, ки Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1992 оғоз намуда, тӯли ин муддат дар бисёр чорабиниҳои кӯмаку дастгирии аҳолии осебдида аз офатҳои табиӣ ва ҷангу даргириҳо саҳми босазо гузоштааст.



