Баррасии ҳисоботи муовинони раиси пойтахт дар иҷлосия

Date:


Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  даъвати чорум 12-уми июли соли равон дар толори  Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» баргузор мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, мутобиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, ба рӯзномаи иҷлосия баррасии ҳисоботи муовини якум ва муовинони раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр оид ба рафти иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе «Дар  бораи  «Ҳисоботи   Раиси  шаҳри  Душанбе  М. Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2011», нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010» дар нимсолаи аввали соли 2012 ворид карда шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар иҷлосия тасдиқи «Барномаи дастгирии давлатии рушди соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2012-2014» ва «Барномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2012-2013» дар назар аст.

Раиси шаҳри Душанбе аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи пойтахт хоҳиш кард, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯрӣ гузаронида, аз натиҷаи он пешниҳодҳои мушаххасро ба гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум манзур намоянд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...