Баррасии ҳисоботи муовинони раиси пойтахт дар иҷлосия

Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  даъвати чорум 12-уми июли соли равон дар толори  Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» баргузор мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, мутобиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, ба рӯзномаи иҷлосия баррасии ҳисоботи муовини якум ва муовинони раиси шаҳри Душанбе, раисони […]

Аваз Юлдошев


Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  даъвати чорум 12-уми июли соли равон дар толори  Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» баргузор мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, мутобиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, ба рӯзномаи иҷлосия баррасии ҳисоботи муовини якум ва муовинони раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр оид ба рафти иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе «Дар  бораи  «Ҳисоботи   Раиси  шаҳри  Душанбе  М. Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2011», нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010» дар нимсолаи аввали соли 2012 ворид карда шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар иҷлосия тасдиқи «Барномаи дастгирии давлатии рушди соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2012-2014» ва «Барномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2012-2013» дар назар аст.

Раиси шаҳри Душанбе аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи пойтахт хоҳиш кард, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯрӣ гузаронида, аз натиҷаи он пешниҳодҳои мушаххасро ба гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум манзур намоянд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.