Имрӯз Рӯзи байнулмилалии журналистони риштаи варзиш таҷлил мегардад

Президенти Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов ҳамаи рӯзноманигорони бахши варзиши ҷумҳуриро бо Рӯзи байнулмилалии журналистони риштаи варзиш, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, табрик мегӯяд. Ба гуфтаи Нарзулло Латифов, Рӯзи байнулмилалии журналистони риштаи варзиш шурӯъ аз соли 1995 бо ташаббуси Ассотсиатсияи байнулмилалии матбуоти бахши варзиш (International Sports Press Association, AIPS) ҷашн гирифта […]

ASIA-Plus


Президенти Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов ҳамаи рӯзноманигорони бахши варзиши ҷумҳуриро бо Рӯзи байнулмилалии журналистони риштаи варзиш, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, табрик мегӯяд.

Ба гуфтаи Нарзулло Латифов, Рӯзи байнулмилалии журналистони риштаи варзиш шурӯъ аз соли 1995 бо ташаббуси Ассотсиатсияи байнулмилалии матбуоти бахши варзиш (International Sports Press Association, AIPS) ҷашн гирифта мешавад. Айни замон иттиҳодияҳои журналистони бахши варзиши 154 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон низ аъзои ин Ассотсиатсия мебошанд.

Н.Латифов мегӯяд, соли 2011 дар конгресси 74-уми Ассотсиатсияи байнулмилалии матбуоти бахши варзиш (International Sports Press Association, AIPS) дар Сеул дар бораи ба узвияти ин созмон пазируфтани Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон қарор қабул шудааст.

Ёдрас мекунем, ки Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон 25-уми январи соли 2001 таъсис дода шудааст. Рушди журналистикаи бахши варзиш, таблиғи тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим аз ҳадафҳои асосии Ассотсиатсия маҳсуб меёбанд. Ассотсиатсия ба такмили сатҳи касбии журналистони бахши варзиши ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.