«Тоҷик Эйр» боздошти чархболҳо дар Афғонистонро рад мекунад

Date:


Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» хабари боздошти ду чархболи ширкат дар Афғонистонро, ки дар чанде аз расонаҳои хабарӣ иншор шуд, рад месозад.

Дар иттилои аз ҷониби хадамоти матбуоти ширкат чопшуда зикр мегардад, ки ду чархболи МИ-8МТВ бо ҳайати кормандони техникиву халабонон мутобиқи қарордод бо як ширкати машғул ба таъминоти ғайринизомии нерӯҳои НАТО дар Афғонистон фаъолият доранд.

«Бинобар сабаби ба вуҷуд омадани баҳсҳо миёни корфармо ва Вазорати нақлиёт ва ҳавопаймоии Афғонистон, фаъолияти беш аз 30 ҳайатҳои кормандони ҳавопаймоҳову чархболҳо боздошта шуд, ки миёни онҳо намояндагони Тоҷикистон, Русия, Украина, Қирғизистон ва Колумбия ҳузур доранд», – гуфта мешавад дар хабари ширкати ҳавопаймоӣ.

Дар ширкати ҳавопаймоӣ таъкид мекунанд, ки ҳайати кормандони чархболҳо боздошт нагардида, дар сафари хидматианд ва озодона дар шаҳри Кобул будубош доранд.

«Айни замон ширкате, ки ҳайати кормандони чархболу ҳавопаймоҳоро киро кардааст, ҳамаҷониба баҳри ҳалли баҳси ҷойдошта кӯшиш ба харҷ медиҳад, – гуфтанд дар ширкат. – Пас аз ҳаллу фасли масъала ҳайати кормандон ба фаъолияти худ идома медиҳанд».

Ёдрас мекунем, ки қаблан чанде аз васоити ахбори умум дар бораи

боздошти ҳайати кормандони

ду чархболи ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар фурудгоҳи Кобул хабар дода буданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...