Вазорати мудофиа: Изҳороти генерали рус аз нигоҳи сиёсӣ қобили қабул нест

Изҳороти аз лиҳози сиёсӣ ғайриқобили қабули мансабдори воломақоми низомии Русия дар бораи имконпазирии пайдоши ихтилофоти дохилӣ дар қаламрави минтақаи Осиёи Марказӣ ба роҳандозии муносибатҳои созанда ва ҳамҷаворӣ миёни кишварҳои минтақа мусоидат намекунад, – гуфта мешавад дар изҳороти интишорнамудаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон. Дар идомаи изҳорот зикр мегардад, ки мавқеи пешгирифтаи генерали рус тааҷҷубовар аст, зеро ӯ […]

Аваз Юлдошев


Изҳороти аз лиҳози сиёсӣ ғайриқобили қабули мансабдори воломақоми низомии Русия дар бораи имконпазирии пайдоши ихтилофоти дохилӣ дар қаламрави минтақаи Осиёи Марказӣ ба роҳандозии муносибатҳои созанда ва ҳамҷаворӣ миёни кишварҳои минтақа мусоидат намекунад, – гуфта мешавад дар изҳороти интишорнамудаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Дар идомаи изҳорот зикр мегардад, ки мавқеи пешгирифтаи генерали рус тааҷҷубовар аст, зеро ӯ метавонист ин ташвиши худро тавассути сохторҳои ҳамгиройи, аз ҷумла СААД ба шарикони худ расонад, вале ӯ роҳи изҳори пурсарусадоро пеш гирифтаааст, ки асоси воқеӣ надошта, ба ҳалли мушкилоти зикркардаи ӯ мусоидат намекунад.

«Дар робита ба масоили ҳамкориҳои низомӣ Миёни Тоҷикистону Русия, аз ҷумла масъалаи будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, мутобиқи дастурҳои мақомоти раҳбарии кишварҳо гуфтушунидҳо перомуни мавқеи ҷонибҳо идома дошта, бояд дар муҳдатҳои муқарраршуда ба анҷом расанд», – омадааст дар изҳорот.

Ёдрас мекунем, ки санаи 26-уми июн генерали рус, фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Русия Владимир Чиркин изҳор дошта буд, ки масъалаи имзои созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи будубоши пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли нокомӣ қарор дошта, мушкилоти зиёде мавҷуданд, ки метавонанд ба имзо нагардидани он боис гарданд.

«Дар робита ба мушкил шудани ихтилофҳои пешбинишуда миёни давлатҳо дар масоили энергетика, об ва истифодаи замин, бо иштироки Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонанд низоъҳои маҳдуди мусаллаҳона дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба вуқӯъ пайванданд», – иброз дошта буд генерали рус.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.