«Тоҷик Эйр» боздошти чархболҳо дар Афғонистонро рад мекунад

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» хабари боздошти ду чархболи ширкат дар Афғонистонро, ки дар чанде аз расонаҳои хабарӣ иншор шуд, рад месозад. Дар иттилои аз ҷониби хадамоти матбуоти ширкат чопшуда зикр мегардад, ки ду чархболи МИ-8МТВ бо ҳайати кормандони техникиву халабонон мутобиқи қарордод бо як ширкати машғул ба таъминоти ғайринизомии нерӯҳои НАТО дар Афғонистон фаъолият доранд. […]

Пайрав Чоршанбиев


Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» хабари боздошти ду чархболи ширкат дар Афғонистонро, ки дар чанде аз расонаҳои хабарӣ иншор шуд, рад месозад.

Дар иттилои аз ҷониби хадамоти матбуоти ширкат чопшуда зикр мегардад, ки ду чархболи МИ-8МТВ бо ҳайати кормандони техникиву халабонон мутобиқи қарордод бо як ширкати машғул ба таъминоти ғайринизомии нерӯҳои НАТО дар Афғонистон фаъолият доранд.

«Бинобар сабаби ба вуҷуд омадани баҳсҳо миёни корфармо ва Вазорати нақлиёт ва ҳавопаймоии Афғонистон, фаъолияти беш аз 30 ҳайатҳои кормандони ҳавопаймоҳову чархболҳо боздошта шуд, ки миёни онҳо намояндагони Тоҷикистон, Русия, Украина, Қирғизистон ва Колумбия ҳузур доранд», – гуфта мешавад дар хабари ширкати ҳавопаймоӣ.

Дар ширкати ҳавопаймоӣ таъкид мекунанд, ки ҳайати кормандони чархболҳо боздошт нагардида, дар сафари хидматианд ва озодона дар шаҳри Кобул будубош доранд.

«Айни замон ширкате, ки ҳайати кормандони чархболу ҳавопаймоҳоро киро кардааст, ҳамаҷониба баҳри ҳалли баҳси ҷойдошта кӯшиш ба харҷ медиҳад, – гуфтанд дар ширкат. – Пас аз ҳаллу фасли масъала ҳайати кормандон ба фаъолияти худ идома медиҳанд».

Ёдрас мекунем, ки қаблан чанде аз васоити ахбори умум дар бораи

боздошти ҳайати кормандони

ду чархболи ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар фурудгоҳи Кобул хабар дода буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.