Эътимоди мардум ба бонкҳо қавӣ мегардад

Ба аввали моҳи июн ҳаҷми умумии бақияи пасандозҳои бонкҳои Тоҷикистон ҳудуди 4,5 млрд. сомонӣ (беш аз 950 млн. $)-ро ташкил дод, – хабар медиҳад хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон. Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, нишондиҳандаҳои ташкилотҳои қарзии мамлакат дар мавриди ҷалби пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ва сафарбар намудани онҳо барои рушди бахшҳои истеҳсолии […]

ASIA-Plus


Ба аввали моҳи июн ҳаҷми умумии бақияи пасандозҳои бонкҳои Тоҷикистон ҳудуди 4,5 млрд. сомонӣ (беш аз 950 млн. $)-ро ташкил дод, – хабар медиҳад хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон.

Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, нишондиҳандаҳои ташкилотҳои қарзии мамлакат дар мавриди ҷалби пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ва сафарбар намудани онҳо барои рушди бахшҳои истеҳсолии иқтисодиёти кишвар беҳтар гашта истодаанд.

Зикр мегардад, ки бақияи пасандозҳо дар панҷ моҳи аввали соли 2012 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,5 фоиз афзудааст.

«Таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки дар ин давра ҷалби маблағҳои шахсони воқеӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Масалан, 39,5 фоиз ё 1 745,8 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 60,5 фоиз ё 2 673,4 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд», – таъкид мегардад дар маълумоти БМТ.

Гуфта мешавад, дар панҷ моҳи соли равон фоизи миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,82 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ 13,62 фоизи солонаро ташкил намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.