Соҳибкорон яке аз деҳаҳои Восеъро бо оби нӯшокӣ таъмин карданд

Чанде қабл низоми обтаъминкунии деҳаи Кадучии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, ки пурра фарогири 12 ҳазор нафар аҳолӣ аст, ба истифода дода шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Восеъ Султон Валиев хабар дод, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини бузургтарини ноҳия тӯли солҳои зиёд аз таъминот бо оби нӯшокӣ танқисӣ мекашид ва буҷети ночизи ноҳия имкон намедод, […]

Турко Дикаев


Чанде қабл низоми обтаъминкунии деҳаи Кадучии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, ки пурра фарогири 12 ҳазор нафар аҳолӣ аст, ба истифода дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Восеъ Султон Валиев хабар дод, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини бузургтарини ноҳия тӯли солҳои зиёд аз таъминот бо оби нӯшокӣ танқисӣ мекашид ва буҷети ночизи ноҳия имкон намедод, ки ин камбудӣ бартараф гардад.

Ба гуфтаи С.Валиев, ба туфайли дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ – Файзалӣ Абдураҳмонов, Давлат Шарбатов ва Шералӣ Табаров 2 чоҳи чуқуриаш то 150 метр кофта шуда, зарфҳои ғунҷоишаш то 50 тонна гузошта шуданд.

«Ба тамоми кӯчаҳои деҳа қубурҳо гузаронида шуда, натанҳо аҳолӣ, балки 3 мактаб, интернат, беморхона ва 3 масҷид низ бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд», – афзуд раиси ноҳия.

Дар ҳамин ҳол, чанде қабл бо дастгирии молиявии Бунёди Оғохон беш аз 3 ҳазор нафар аҳолии деҳаҳои Ҷонбахт ва Дараи Мухтори ноҳияи Ховалинг низ бо оби нӯшокӣ таъмин карда шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.