Сафорати ҶТ ҷашни 80-солагии Мӯъмин Қаноатро дар Маскав нодида гирифт

Сафорати Русия дар Тоҷикистон шоми назми форсӣ бахшида ба ҷашни 80-умин солгарди устод Мӯъмин Қаноат дар шаҳри Маскавро, ки ахири ҳафтаи гузашта баргузор шуд, нодида гирифт. Тавре Иттифоқи тоҷикистониёни Русия хабар медиҳад, махсус барои иштирок дар ин ҷашн сафири Қазоқистон дар ЮНЕСКО Олжас Сулаймон аз Париж ва Зинаида Андреева – қаҳрамони достони “Сурӯши Сталинград” аз […]

ASIA-Plus


Сафорати Русия дар Тоҷикистон шоми назми форсӣ бахшида ба ҷашни 80-умин солгарди устод Мӯъмин Қаноат дар шаҳри Маскавро, ки ахири ҳафтаи гузашта баргузор шуд, нодида гирифт.

Тавре Иттифоқи тоҷикистониёни Русия хабар медиҳад, махсус барои иштирок дар ин ҷашн сафири Қазоқистон дар ЮНЕСКО Олжас Сулаймон аз Париж ва Зинаида Андреева – қаҳрамони достони “Сурӯши Сталинград” аз шаҳри Волгоград ба Маскав омадаанд.

«Зинаида Андреева аз номи маъмурият ва Палатаи ҷамъиятии шаҳри Волгоград мактубҳои табрикотӣ ва изҳори миннатдорӣ ба шоирро овард», – зикр мегардад дар хабар.

Гуфта мешавад, шоирро бо ин ҷашн сафири Ирон дар Русия Сайидмаҳмуд Ризо Саҷҷодӣ, шоир ва нависандаи арманӣ Глан Онанян, шоираи маъруфи рус Татяна Кузовлева, шоири гурҷӣ Александр Эбанаидзе, шоири озарӣ Илҳом Бадалбоев, адабиётшиноси маъруф, профессори Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи улуми Русия Лола Саломатшоева ва Инна Ростовсева табрик гуфтаанд. Инна Ростовсева расман шоирро ба Донишкадаи адабии ба номи Горкий барои баргузории машғулиятҳо даъват кард.

 Ҳамчунин Мӯъмин Қаноатро раиси диаспораи афғонҳои муқими Русия доктор Яфталӣ, раиси диаспораи қирғизҳо Ҷамила Бегиева ва диаспораи юнониҳо Павлос Арзуманидис низ табрик карданд. Ба ин табрикот ҳамчунин донишҷӯёни тоҷики муқими Маскав низ ҳамроҳ шуданд.

«Сабаби нодида гирифтани таҷлили ҷашни Мӯъмин Қаноат ва дар робита ба ин беэҳтиромӣ нисбат ба устод аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Русия барои мо маълум нест», – гуфтанд дар Иттифоқи тоҷикистониёни Русия.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.