Пешниҳоди М.Убайдуллоев оид ба тағйири реҷаи кори муассисаҳои фароғатӣ

Дар маҷлиси васеи Мақомоти шаҳрдории Душанбе раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев тағйири реҷаи кори муассисаҳои фароғату истироҳатро пешниҳод кард. Тибқи пешниҳоди раиси шаҳр, ки ба унвони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҷиҳати баррасӣ ирсол мегардад, ба Қоидаҳои тариботи ҷамиятӣ ва санитария дар пойтахт тағйирот ворид карда мешаванд. Ҳамин тариқ мувофиқи таклиф, реҷаи кори муассисаҳои фароғатӣ, субъектҳои […]

ASIA-Plus


Дар маҷлиси васеи Мақомоти шаҳрдории Душанбе раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев тағйири реҷаи кори муассисаҳои фароғату истироҳатро пешниҳод кард.

Тибқи пешниҳоди раиси шаҳр, ки ба унвони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҷиҳати баррасӣ ирсол мегардад, ба Қоидаҳои тариботи ҷамиятӣ ва санитария дар пойтахт тағйирот ворид карда мешаванд.

Ҳамин тариқ мувофиқи таклиф, реҷаи кори муассисаҳои фароғатӣ, субъектҳои фарҳангӣ ва хизматгузории шаҳр дар мавсими тирамоҳу зимистон чун пештара – то соати 23:00 боқӣ монда мешаванд.

«Дар мавсими баҳору тобистон бошад, реҷаи кори онҳо то соати 24:00 дароз карда шуда, агар ин иншоот дар наздикии хонаҳои истиқоматӣ воқеъ набошанд, метавонанд то соати яки шаб фаъолият кунанд», – гуфт манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.